Сентябр 19, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Сипоҳи посдорон: Интиқоми шаҳодати Сулаймонӣ, қатъӣ ва ҷиддӣ аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар вокуниш ба газофагӯиҳои ахири раисиҷумҳури Амрико алайҳи Эрон, хитоб ба вай гуфт, интиқоми шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ қатъӣ, ҷиддӣ ва воқеӣ аст.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар маросими субҳгоҳии фармондеҳон, масъулон ва коркунони Ситоди фармондеҳии кулл ва ҳавзаи марказии Сипоҳи посдорон дар Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ ҳамаи касонеро, ки дар шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ба сурат мустақим ва ғайри мустақим нақш доштаанд, ҳадаф қарор хоҳад дод ва ин паём, ҷиддӣ аст.

Генерал Саломӣ бо ишора ба иддаои ҳамлаи ҳазорбаробарӣ аз сӯи Трамп таъкид кард:«агар тори мӯйе аз сари як эронӣ кам шавад, бо посухи маҳками Сипоҳи посдорон рӯбарӯ мешавед ва ин таҳдид ҷиддӣ аст ва эрониҳо ҳама чизро дар амал собит мекунанд.»

Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ афзуд: Агари Инқилоби Исломии Эрон набуд, Амрико дунёро мебалъид, ин Инқилоби Исломӣ аст, ки Амрикоро фарсуда карда ва Амрикои имрӯз фоқиди нишоти сиёсӣ, берамақ ва нотавон дар таҳаввул ва шикастхӯрда дар майдон аст.

Веб-сайти “Politico” ахиран ба нақл аз гузоришҳои иттилоотии Амрико ва мақомоти наздик ба давлати ин кишвар муддаӣ шуд, Эрон бо ҳадафи гирифтани интиқоми террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, қасди террори сафири Амрико дар Африқои Ҷанубиро доштааст.

Ин иддао бо вокуниши вазири умури хориҷаи Африқои Ҷанубӣ рӯ ба рӯ шуд, ки зимни радди қотеъи он, чунин мавзӯеро «бисёр аҷиб» тавсиф кард.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар вокуниш ба гузориши веб-сайти “Politico” муддаӣ шуд, ҳар иқдоме зидди манофеи Амрикоро бо вокуниши ҳазорбаробар шадидтар посух хоҳад дод.

 

Барчасп