Оғози ҳафтаи дифои муқаддас дар Эрони исломӣ ؛ имрӯз
Имрӯз ( душанбе ) 21 сентябри 2020 баробар бо солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими БАЪС-и Ироқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Артиши мутаҷовизи режими Саддом ( диктатори сарнагуншудаи Ироқ ) 31 шаҳривари соли 1359 (21 сентябри 1980 ) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард , таҳоҷуми густардаеро бо ба коргирии навъҳои гуногуни ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард .
31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст ؛ дар ин як ҳафта маросимҳои мухталифе дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар маросими оғози ҳафтаи дифои муқаддас аз тариқи иртиботи тасвирӣ суханронӣ хоҳанд кард .
Режими баъси Ироқ 40 сол пеш бо ҳадафи барандозии низоми навпои Ҷумҳурии исломии Эрон бо кумаки ҳамаҷонибаи истикбори ҷаҳонӣ , ҷанги тамомайёрро ба Эрони исломӣ таҳмил кард, ки ҳашт сол тӯл кашид .
Артиши режими баъси Саддом дар муддати ҳашт соли ҷанг бо Эрони исломӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи қудратҳои истикборӣ ва кумаки фаровони кишварҳои арабии минтақаи халиҷи Форс бархурдор буд ва мошини ҷангии ӯ дар хидмати аҳдофи бегонагон дар минтақа қарор гирифт .
Таҷрибаи даврони ҳашт соли дифои муқаддас нишон дод бо вуҷӯди ҳамаи тангноҳо, фишорҳо ва набуди эътибороти моливу мушкилоти фаровон , метавон бо азми росиху таваккул бар Худованди мутаъол , дар баробари зӯргӯйии қудратҳои ҷаҳонӣ истод .