Боғ-музеи Нигористон дар Теҳрон
Боғ-музеи Нигористон, омехтае аз боғи зебову музеие арзишманд аст .
Ин боғ дар замони Қоҷория ва ба дасти Фатҳалишоҳи Қоҷор дар 200 сол пеш сохта шуда аст . Ӯ ин боғро барои иқомати тобистонаи худ дар назар гирифта буд .
Ба гузориши Садои Хуросон , Боғ-музеи Нигористон ду иморат дорад ва дар маҷмӯъ 64 утоқ , чаҳор толор , китобхона ва чаҳор салонро шомил мешавад, ки бо оинакорӣ , гачбуриҳои зебо ва чилчароғҳои боарзиш ороста шудаанд .
Дар муҳавватаи ин боғ бахше вуҷуд дорад, ки нимпайкараҳои мухталифе аз ашхоси машҳур ва бузургону адибони Эрон ба намоиш гузошта шуда аст . Яке аз ҷолиби тавваҷуҳтарини ин нимпайкараҳо , нимпайкараи бринҷие аз Абулқосими Фирдавсӣ-шоири бузурги Эронзамин аст . Ин нимпайкараи зебо тавассути Лоренси- муҷассамасози фаронсавӣ ва ба супориши ҷамъе аз донишҷӯёни эронӣ дар Фаронса сохта шуда аст .
Дар музей-мактаби Камолулмулки боғ метавон осори арзишманде аз ин устоди арзишманди эрониро ба ҳамроҳи наққошиҳои шогирдонаш мушоҳида кард . Ин бахш аз музей дар гузашта мадрасае буда, ки дар он ба омӯзиши ҳунар ба хусус наққошӣ пардохта мешавад ва бунёнгузори он низ Камолулмулк буда аст .