Поён додан ба рафторҳои мухарриби Амрико: танҳо роҳи ҳимоят аз чандҷонибагароӣ
(last modified 2020-09-22T06:17:35+00:00 )
Сентябр 22, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Поён додан ба рафторҳои мухарриби Амрико: танҳо роҳи ҳимоят аз чандҷонибагароӣ

Осор ва паёмадҳои якҷонибагароии Иёлоти Муттаҳида, Амрикоро ба бузургтарин таҳдид барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ табдил карда аст. Агар ҷомеъаи байналмилалӣ дар ин марҳала мухолифати ҷиддӣ бо ин иқдомот аз худ нишон надиҳад, рафторҳои ғайри мантиқӣ ва мухарриби Амрико мутаваққиф нахоҳад шуд.

Акнун бисёре аз тасмимот ва иқдомоте, ки Амрико мусаббиб ва омили он башумор меравад, барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳазинасоз шуда аст. БарҶом нақзи ошкори қатъномаи Шӯрои амният дар тасвиби як тавофуқи байналмилалӣ танҳо як намӯна аз паёмадҳои якҷонибагароии Амрико аст.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, ки рӯзи душанбе ба сӯрати маҷозӣ дар Маҷмаи умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ суханронӣ мекард, бо ишора ба талоши Вашингтон барои нобуд кардани БарҶом гуфт, барои сиёнат аз чандҷонибагароӣ роҳе ҷуз поён додан ба рафторҳои мухарриби Амрико вуҷӯд надорад .

Солеҳӣ дар суханони худ аз мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслеҳотӣ зидди Эрон ва радди иддаои Амрико барои ба коргирии механизми моша дар БарҶом ба унвони як ҳаракати муҳим ёд кард ва гуфт, ин як  дастоварди воқеӣ аст, ки бояд аз он ҳимоят ва нигаҳдорӣ кард. Суханони раиси Созмони энержии атомии Эрон дар нишасти маҷмаи умумии Шӯрои ҳукком нишон медиҳад, ки агарчӣ Эрон тавоноҳои лозим барои бархӯрд бо таҳдидҳои Амрикоро дорад, аммо дар айни ҳол муътақид ба усӯли ҳоким бар равобити байналмилалӣ аст. Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ҳам чанд рӯз қабл дар баёнияе бо ишора ба инки рӯйкарди Амрико хатари бузург барои сулҳу амнияти байналмилалӣ ва таҳдиде бесобиқа барои  Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният аст, хотирнишон кард, агар Амрико раъсан ё бо ҳамкории маъдӯди дастнишонда‌ҳои худ иқдоме дар ростои ин таҳдидот анҷом диҳад, бо вокуниши ҷадде мувоҷеҳ хоҳад шуд ва масъӯли тамоми авоқиби хатарноки он хоҳад буд.

Амрико дар ҳафтаҳои ахир чандин шикаст ва хифатро дар Шӯрои амният ва дар сатҳи СММ таҷриба кард, ки натиҷаи истисол ва ҳосил "на" шуниданҳои мукаррар аз ҷомеъаи байналмилалӣ дар моҳҳои ахир ва шикастҳои пайдарпай дар баробари дипломасии ҷаҳонӣ аст.

Вокуниши аъзои Шӯрои амният ба истиснои Амрико ва як кишвари дигар, ки сариҳан эълом карданд иқдоми Амрико дар бозгашти таҳримҳоро ба расмият намешиносанд, дар дипламосии ҷаҳонӣ паёми равшане дорад. Тройкаи аврупоӣ, Чин ва Русия дар баёнияе муштарак таъкид карданд, Вашингтон наметавонад фароянди бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон таҳти қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро оғоз намояд.

Ончӣ амрикоиҳо дар тӯли чанди моҳи гузашта дар бораи қатъномаи 2231 ва БарҶом анҷом доданд, аз диди ҳуқуқи байналмилалӣ мардӯд ва ба таври комил хилофи Маншури СММ ва ҳуқуқи байн‎алмилал ва сирфан бар мабнои якҷонибагароӣ аст. Ба ҳамин далел ҳассосиятҳо ва вокунишҳо ба якҷонибагароӣ рӯз ба рӯз дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бештар мешавад ва нишасти имсоли Маҷмаи умумии СММ саҳнаи мухолифатҳои бештаре бо иқдомоти Амрико хоҳад буд.

Он гуна, ки Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ карда аст, ҷаҳон бо иқдомоти Амрико ҷуз ноамнӣ, ҷанг, хушунат ва хунрезӣ чизе надида ва мироси шуми ҳузури Иёлоти Муттаҳида дар манотиқи мухталиф бавижа ғарби Осиё, чизе ҷуз мироси шикастхӯрда ва хонумонбарондоз барои миллатҳои минтақа набудааст.

Ин раванд нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар ҳол тағйир аст. Агар Амрико ин тағйирро напазирад ва Трамп ҳамчунон дар даври ботили тасаввуроти худ бадунболи сиёсатҳои бемантиқ дар ҷаҳон бошад, қатъанаввалин қурбонии ин таҳаррукот, худи Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд.