Адиби тоҷик: Номи доктор Қариб дар таърихи адабиёти форсӣ мондагор мемонад
(last modified Wed, 23 Sep 2020 13:19:59 GMT )
Сентябр 23, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Адиби тоҷик:  Номи доктор Қариб дар таърихи адабиёти форсӣ мондагор мемонад

Масъули мизи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Эко таъкид кард номи Бадруз-Замон Қариб, забоншинос ва нависандаи фақид дар таърихи адаби форсӣ мондагор мемонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИСНА , шоҳ  Мансур  Шоҳмирзо Хоҷаев дар ёддоште дар бораи Бадр Ал-Замон Қариб навиштааст : « даргузашти доктор  Бадр Ал-Замон Қариб,  донишманд, узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ , эроншинос, забоншинос  ва суғди‌пажуҳ, аҳолии илму фарҳангро дар сӯги амиқ  нишонд. Бадр -уз-Замон Қариб ба эътирофи ҳамаи донишмандон, аз бузургтарин ва номовартарин суғдипажуҳон буду таҳқиқот ва пажуҳишҳои эшонро дар ҳавзаи забонҳои бостонии беҳтарин  намунаи фаъолиятҳои пажуҳишии эшон метавон унвон кард.»

Хоҷаев бо таҷлил аз китоби ду ҷилдии фарҳанги суғдӣ навиштааст : « бидуни шак ҳар касе дар заминаи забонҳои бостонӣ ва суғдӣ мехоҳад  пажуҳише анҷом диҳад, ногузир аст ба ин фарҳанг рӯй оварад ва бидуни мутолиа ва руҷӯъ бар он шояд битавон гуфт кори он муҳаққиқ  ноқис  аст.»

Масъули мизи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Эко дар идома менависад : « дар Тоҷикистон , минтақаи камҷамъияте ба номи Яғноб дар ҷуғрофиёи саъбалубур воқеъ шуда ки сокинони он ба яғнобӣ , яке аз шохаҳои забонҳои эронии бахши шимоли шарқӣ , сӯҳбат мекунанд, ки ба навъе идомаи забони суғдӣ аст . Яғнобиҳо танҳо бозмондагони ин забони куҳан ҳастанд, аз ҳамин рӯ давлати Тоҷикистон аз роҳҳои мухталиф ҳамчун низоми омӯзишӣ , барои ҳифзи ин забон дар талош аст . Далели маҳбубияти хонуми Қариб  миёни тоҷикҳо низ ба даҳаҳо кори арзишманде бозмегардад, ки дар ин робита  анҷом  доданд.»

Шоҳмансур  Хоҷаев таъкид мекунад таҳқиқоту осори хонуми Қариб ҳамчун лутфи илоҳӣ , муаммоҳои ҳал нашудаи забони суғдиро ҳал карду дар ниҳоят ба шакли донишномае тамому камол  пеши рӯи мухотабон  қарор  гирифт.
 Доктор Бадр уз-Замон Қариб, забоншинос ва узви пайвастаи фарҳангистони забону адаби форсӣ 28 июли гузашта дар сини 91 солагӣ аз дунё  рафт.
Таҳлили сохтории феъл дар забони суғдӣ, достони таваллуди Будо ба ривояти суғдӣ , фарҳанги суғдӣ ( суғдӣ и форсӣ -  англисӣ) , торихчаи суханшиносӣ дар Эрон , мутолиоти суғдӣ ва пажӯҳишҳои эронии бостон ва миёна аз ҷумлаи осори шодравони Бадр уз-Замони Қариб ҳастанд .