Фасли ҷадид дар ҳамкориҳои тиҷории Эрон ва Афғонистон
Ҳамкорҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Афғонистон дар масири пешрафт қарор дорад ва дар ҳамин чорчӯб, нахустин намоишгоҳи тахассусии Эрон ба муддати се рӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон, баргузор шуд.
Нахустин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар бахшҳои хадамоти фаннӣ ва муҳандисии энержӣ, барқ, мухобирот ва хадамоти шаҳрӣ аз 22 то 24 сентябри 2020 дар Кобул баргузор шуд. 21 ширкати эронӣ дар бахши хадамоти шаҳрӣ ва 54 ширкати эронӣ дар бахши хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар намоишгоҳи Кобул ҳузур доштанд.
Ҳамзамон бо ин намоишгоҳ, бузургтарин ҳайати эронӣ бо 150 бозаргон, тоҷирон ва низ шуморе аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба Кобул сафар кард ва аъзои ин ҳайат бо тоҷирон, мақомот, масъулон ва намояндагонии маҷлиси Афғонистон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Сафари чунин ҳайате ба Кобул ва баргузарии нахустин намоишгоҳи тахассусӣ дар бахши фаннӣ ва муҳандисии Эрон дар Афғонистон нишондиҳандаи шурӯи фасли ҷадиде дар ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар аст.
Пайвандҳои фарҳангӣ, ҷуғрофиёӣ, таърихӣ ва тамаддунии Эрон ва Афғонистон, ду кишварро дар масири ҷадиди ҳамкориҳои тиҷорӣ қарор дода, ки баргузории нахустин намоишгоҳи тахассусии фаннӣ ва муҳандисӣ дар Кобул, ибтикоре муассир барои тавсеъаи сатҳи тиҷорати Эрон ва Афғонистон аст.
Ҳамакнун Эрон ва Афғонистон дар бахши содорти коло ҳамкории хубе доранд, аммо бо тасмими сарони ду кишвар, ин сатҳ аз ҳамкорӣ дар ҳоли вурӯд ба марҳала ҷадиде аст, ки тавсеъаи илмии Афғонистонро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Интиқоли таҷрубаҳо ва дониши фанноваронаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисии Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа дар бахши энержӣ ба Афғонистон, ба ин кишвар барои тавсеъаи зерсохтҳои ҳаётӣ кумаки шоёне хоҳад кард.
Дар ҳамин замина, Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Кобул дар ташреҳи аҳаммияти баргузории намоишгоҳи тахассусии фаннӣ ва муҳандисӣ дар Кобул гуфт, Эрон дар тӯли солҳои гузашта, равобити хуби иқтисодӣ бо Афғонистон дошта ва дар марҳалаи ҷадид дар пайи ин аст, ки бо пайвандҳои фанноварона ва хадамоти муҳандисӣ, ин равобитро тақвият кунад.
Эрон дар солҳои ахир бо иттико ба дониши бумӣ дар ҳавзаҳои фанноварӣ пешрафтҳои хубе дошта ва фаъолияти садҳо ширкати донишбунёни эронӣ дар бахшҳои мухталиф, зарфияти хубе барои кишварҳои ҳамсоя барои истифода аз ин таҷрубаи навини илмӣ фароҳам кардааст.
Истифодаи ҳамсоягон аз ин дониши эронӣ фурсати ҷадиде барои тавсеъаи илмӣ ва ҳалли мушкилот фароҳам мекунад ва дар ин миён, насли ҷавони Афғонистон метавонад аз таҷрубаи бумӣ ва хуби Эрон дар ҳавзаҳои фанноварӣ барои ҳалли мушкилоти Афғонистон баҳрагирад.
Вурӯди тиҷорати Эрон бо Афғонистон ба марҳалаи ҷадиди фаннӣ ва муҳандисӣ ба нафъи тавсеъа ва ободонии ин кишвар аст ва дар сояи сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон метавон зарфиятҳои ҳамкории ду кишварро беш аз пеш афзоиш дод.