Паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарон
(last modified 2020-09-24T12:37:59+00:00 )
Сентябр 24, 2020 17:37 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарон таъкид карданд: гузашти замон натавониста ва ҳаргиз нахоҳад тавонист ёди арҷманди шаҳидони азизро аз хотири миллати Эрон бизудояд.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии дафтари ҳифзу нашри осори Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ, рӯзи панҷи шанбе дар паёме ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарон фармуданд : ин лавҳи дурахшон ҳамвора музайян ба унвони шаҳодату ёди шаҳидон хоҳад монд .
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд:   ин захираи торихӣ ҳамвора ба наслҳои мо умед ва ҳиммату ҷуръат хоҳад бахшид то гомҳо ба самти ҳадафҳои волоро муҳкаму устувори бардорнд ва аз душмании шаётини ханносони олам  наҳаросанд .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ таъкид карданд : ҷабҳаи адлу ҳақ бо ин тавону ороиши илоҳӣ ба пирӯзиҳои бузург  даст хоҳад ёфт .

Барчасп