Дархости дубораи Помпео аз аврупоиҳо барои пайвастан ба корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон
(last modified 2020-09-25T16:19:43+00:00 )
Сентябр 25, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости дубораи Помпео аз аврупоиҳо барои пайвастан ба корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон

Вазири хориҷаи Амрико дубора бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, хостори пайвастани кишварҳои аврупоӣ ба корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Майк Помпео дар мусоҳиба бо радио “WMAL” бо иттиҳомзанӣ ба Эрон, ибрози умедворӣ кард, аврупоиҳо ба корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон бипайванданд.

Помпео дар идома бо ҳамла ба БарҶом муддаӣ шуд, корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон, муваффақиятомез будааст.

Бо вуҷуди мухолифати аксари аъзои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико 20 сентябр муддаӣ шуд, тамоми таҳримҳои СММ алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои таслеҳотӣ эҳё шуданд.

Ин иддаои Амрико бо мухолифатҳои густарда рубару шудааст.

Тройкаи аврупоӣ, Чин ва Русия ахиран дар баёнияе муштарак бо ишора ба хуруҷи якҷонибаи эъломи таваққуфи мушорикати Амрико дар Бар Ҷом таъкид карданд, Вашингтон наметавонад фароянди бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон таҳти қатъномаи 2231 Шурои амниятро оғоз намояд.

Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар номае ба Шурои амният эълом кард, наметавонад дар заминаи талоши Амрико барои бозгардондани таҳримҳои зиддиэронӣ иқдоме анҷом диҳад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, сешанбеи 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдом Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.

 

 

Барчасп