Дастаи узбакистонӣ ҳарифи дастаи Персполиси Эрон шуд
Дастаи Персполиси Эрон дар марҳилаи чорякфинали лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи чаҳоршанбе 30 сентябр ба масофи дастаи Пахтакори Узбакистон хоҳад рафт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дастаи Персполис шомгоҳи якшанбе дастаи қатарии Ассадро шикаст дод ва ба марҳилаи чорякфинали лигаи қаҳрамонони Осиё дар минтақаи ғарби ин қитъа расид.
Дастаи Пахтакор низ рӯзи шанбе тавониста буд бо натиҷаи 2-1 дастаи Истиқлоли Эронро шикаст диҳад ва ба чорякфинал роҳ ёбад .
Бозии дастаҳои тимҳои Пахтакори Узбакистон ва Персполиси Эрон рӯзи чаҳоршанбе 30 сентябр соъати 21:15 ба вақти Теҳрон баргузор мешавад .
Гуфтанӣ аст Шота Арбиладзе-сармураббии гурҷистонии дастаи узбакистонӣ ба далели гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар карантина аст.
Дигар бозии ин марҳиларо низ рӯзи чаҳоршанбе ду дастаи арабистонии Аннаср ва Алаҳлӣ дар соъати 17:10 ба вақти Теҳрон баргузор мекунанд.