Сентябр 30, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Эрон даргузашти амири Кувайтро таслият гуфт

Вазирии умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб дар паёми Твиттерӣ даргузашти амири Кувайтро таслият гуфт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА , Муҳамад Ҷаводи Зариф дар Твиттер бо таслияти даргузашти амири Кувайт навишт : «хабари даргузашти марҳум шайх  Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, амири Кувайт, ки тасвире аз эътидол ва миёнаравиро барои Кувайт ва минтақа тарсим карда буд, қалби моро ба дард овард . Аз худованди мутаъол  хоҳонем  эшонро қарӣини раҳмат қарор дода ва давлати Кувайт ва мардуми онро дар сояи давлати ҷадид аз амният, субот, пешрафт ва шукуфоӣ бархурдор  гардонад.»
Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ амири Кувайт  рӯзи сешанбе дар синни 91 солагӣ даргузашт.  

Пас аз даргузашти Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, ҳукумати Кувайт бо пахши як изҳорот эълом дошт, ки Наваф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, валиаҳди собиқ, амири нави Кувайт таъин шудааст.