Октябр 03, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон ба Озарбойҷон ва Арманистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ҳушдор ба тарафҳои даргир дар муноқишаи Қарабоғ таъкид кард, таарузи ҳар як аз тарафҳои даргир дар минтақа ба хоки Эрон, таҳаммул нахоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Саид  Хатибзода  рӯзи шанбе дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи бархе таҷовузҳо ба хоки Эрон дар даргириҳои ахири байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, гуфт : Ҷумҳурии Исломии Эрон  таҳаррукот дар манотиқи марзиро ба таври ҷаддӣ ва бо ҳассосияти тамом расад мекунад .
Хатибзода  ҳушдор дод Ҷумҳурии исломӣ ҳеч гуна  ҳамлаи тарафҳои даргир дар ҷангро ба хоки Эрон таҳаммул намекунад ва ҳар ду кишвар  Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бояд дар ин замина муроқибат кунанд .
Сухангӯи  Вазорати умури хориҷаи Эрон  бори дигар бар лузуми эҳтиром ба тамомияти арзи  Ҷумҳурии Озарбойҷон, риояти асли ҳадафи қарор  надодани ғайринизомиён, таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ таъкид ва омодагии Ҷумҳурии исломиро барои кӯмак ба таваққуфи даргириҳо эълом кард .
Дар даргириҳои ахири миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон теъдоди  ракет ва мӯушаки  тарафайни муноқиша дар чанд русто дар марзи Эрон бо ин ду кишвар  фуруд  омада, ки зимни барҷо  гузоштани хисорати моддӣ, сабаби маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ низ шудааст .

Барчасп