Октябр 04, 2020 10:32 Asia/Dushanbe

Тими футболи Персеполиси Эрон бо шикасти тими Ан-Насри Арабистон дар пеналти ба финали Лигаи қаҳрамонони Осиё расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори поёнии Лигаи қаҳрамонони Осиё дар минтақаи ғарбӣ  рӯзи шанбе байни Персеполиси Эрон ва Ан-Насри Арабистон пас аз 120 дақиқа ва мусовии 1-1 ба зарбаҳои пеналтӣ кашида шуд .
Дар ниҳоят Персеполиси Эрон бо шикасти намояндаи Арабистон дар зарбаҳои пеналтӣ ба финоли Лигаи қаҳрамонони Осиё расид .
Ин дар ҳоле буд, ки дар остонаи ин мусобиқа хабари маҳрумияти Исо Ол Касири беҳтарини голзани Персеполис дар ин рақобатҳо, шоки бузурге ба урдуии ин тим ворид карда буд .
Оли Касир, ки дар се мусобиқаи ахири худ дар лигаи қаҳрамонон чаҳор бор дарвозаи ҳарифонро боз карда буд, ба далели хушҳолиаш пас аз голи аввали баробари Пахтакори Ӯзбакистон бо маҳрумияти шаш моҳа аз фаъолиятҳои футболӣ ва ҷаримаи сангини 10 ҳазор долларӣ аз сӯи конфедератсияи футболи Осиё мувоҷеҳ шуд .
Кофедератсияи футболи Осиё шодии пас аз голи Оли Касирро ҳаракати нажодпарастона ташхис дода буд дар ҳоле ки ин бозикун ва тими Персеполис ин иттиҳомро рад кардаанд .

Барчасп