Маҳкумияти ҳамла ба афрод ва марокизи ғайринизомӣ аз суи сафорати Эрон дар Боку
(last modified 2020-10-04T15:15:44+00:00 )
Октябр 04, 2020 20:15 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамла ба афрод ва марокизи ғайринизомӣ аз суи сафорати Эрон дар Боку

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку, дар пайи бурузи даргирии низомии байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ҳар гуна нақзи ҳуқуқи мардуми бегуноҳ ва низ нобудӣ ва хасорат ба амокин ва дороиҳои ғайринизомиро маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА , сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку дар баёнияе тасреҳ кард: бар асоси эъломи манобеи расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла  дафтари додситони кулли ин кишвар, аз замони шурӯи мавҷи ҷадиди даргириҳои тарафайни озарӣ ва арманӣ дар минтақаи Қарабоғ ва 7 шаҳри перомунии он, теъдоди зиёдӣ аз шаҳрвандони оддии Ҷумҳурии Озарбойҷон  шомили занону кӯдакони кушта ва захмӣ ва бисёре аз амокин, имконоту марокизи ғайринизомӣ нобуд шудааст .
Дар ин баёния бо ишора ба эъломи дафтари додситони кулли Ҷумҳурии Озарбойҷон омадааст: бомдоди рӯзи гузашта ( шанбе,   сеюми октябр ) 19 нафар аз мардуми бегуноҳ  кушта ва 63 нафар захмӣ шуданд ва 44 амокину имконоти ғайринизомӣ ва 181 хона вайрон шудааст .
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку дар ин баёния бо таъкид бар лузуми риояти ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалии башари дӯстона ва бо ёдоварии усулу қавоиди байналмилалии ҳоким бар мухосимоти мусаллаҳона , ҳар гуна  нақзи ҳуқуқи мардуми бегуноҳ ва куштану ворид овардани ҷароҳат бар ононро маҳкум карду ба хонаводаҳои доғдор таслият гуфт .
Даври ҷадиди даргириҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ аз якшанбеи ҳафтаи гузашта ( 27 сентябр ) оғоз шуду то кунун шуморе аз нерӯҳои ду тараф  кушта ва ё захмӣ шуданд .
Ҷумҳурии Исломии Эрон  пеш аз ин борҳо, омодагии худро барои истифода аз тамоми зарфиятҳо ба манзури барқарории оташбас, оғози гуфтугӯ ва истиқрори сулҳу оромиш ба тарафҳои даргир дар муноқишаи Қарабоғ эълом кардааст .

Барчасп