Октябр 12, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати новгуруҳи 43 неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Уқёнуси Атлантика

Фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз эъзоми новгуруҳи 43 ин ниру ба Танзания хабар дод.

Амир Дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ - фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) дар гуфтугӯ бо хабарнигори Форс дар Рашт (шимоли Эрон) гуфт: Новгурӯҳи 43 дар сурати мусоид будани шароити обуҳавоӣ ба Африқои Ҷанубӣ ва Уқёнуси Атлантика эъзом мешавад.

Дарёдор Сайёрӣ бо баёни инки неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон маъмурияти ҳифзи марзҳо, манобеъ ва манофеи кишварро ба ӯҳда дорад, афзуд: Маъмурияти дигаре ба унвони нируи дарёии роҳбурдӣ ба маъмуриятҳои неруи дарёии артиш изофа шуда ва имрӯз дар обҳои озоди ҷаҳон ҳузур дорад ва иқтидори низомиро ба намоиш гузоштааст.

Фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки густариши ҳузури неруи дарёӣ дар тамоми обҳои озоди ҷаҳон ҳаққи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, гуфт: Неруи дарёии артиш тибқи муқаррароти байналмилалӣ дар обҳои озоди ҷаҳон ҳузур дорад.