Маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон 18 октябр поён меёбад
-
Маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон лағв мешавад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз поёни низоми муҷаввизхоҳии содирот ва воридоти ақломи таслиҳотии Эрон дар бомдоди 18 октябр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон « Саид Хатибзода» рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ 18 октябрро рӯзи шикасти Амрико донисту гуфт : дар 18 октябр, ҳам муҷаввизхоҳии содирот ва воридоти аслаҳа лағв ва ҳам маҳдудияти сафари 23 шахсияти ҳуқуқии Эрон бартараф мешавад .
Хатибзода афзуд : Амрико бо вуҷуди тамоми гарданкашиҳо, ҳилагариҳо ва иқдомоти фароқонунӣ натавонист коре аз пеш бибарад ва Эрон бори дигар нишон дод, ки Амрико он қадарҳо ҳам, ки эълом мекунад қудратманд нест .
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард : Эрон дар чорчӯби давлатӣ масъулиятпазир, сулҳу амнияти ҷаҳониро тазмин мекунаду он чӣ дар ҳафтаи баъд бо поёни таҳрими таслеҳотии Эрон иттифоқ меафтад, хориҷ аз ин асл нест .