Эрон раиси навбатии гурӯҳи 24 шуд
-
Абдунносир Ҳимматӣ-раиси кулли Бонки марказии Эрон
Раиси кулли Бонки марказии Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар иҷлоси маҷозии вазирону раисони кулли гурӯҳи 24 , раёсати давраии ин гурӯҳро ба муддати 12 моҳ ӯҳдадор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Абдунносир Ҳимматӣ-раиси кулли Бонки марказии Эрон дар иҷлоси маҷозии ахири вазирону раисони кулли гурӯҳи 24 бо қадрдонӣ аз давлати Ғано ба далели раёсат бар ин гурӯҳ дар тӯли як соли гузашта гуфт : Бо тавваҷуҳ ба рукудҳои амиқи кунунӣ, ки сабаби он ҳамагирии корона аст , нақшу аҳамияти гурӯҳи 24 рӯз ба рӯз пуррангтар мешавад.
Гуруҳи 24 муташаккил аз бисту чаҳор кишвар аз се минтақаи ҷуғрофиёии Африқо , Осиё , Амрикои лотин ва Кариб дар соли 1971 бо ҳадафи эҷоди ҳамоҳангӣ ва пешбурди мавзеъҳои кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар арсаи пулӣ ва тавсеъаи молӣ таъсис шуд.
Гуруҳи 24 ва дармони КОВИД 19
Раиси кулли Бонки марказии Эрон бар зарурати ҳамоҳангии ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилот ба вижа ҳамагирии вируси корона таъкид кард ва гуфт : Дар гурӯҳи 24 ҳама бояд ҳамвора аз як роҳи ҳалли ҷаҳонии ҳамоҳангшуда ҳимоят кунанд, то ин итминон эҷод шавад, ки тамоми кишварҳо бидуни ҳеч истисное ба ваксина ва дармони камхароҷот барои КОВИД 19 ва кумакҳои молӣ аз ҷумлаи кумакҳои изтирорӣ бар асоси ниёзҳо ва далелҳои башардустона дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳимматӣ беҳбуди иқтисодӣ дар даврони пас аз ҳамагирии корона ва чигунагии барқарории суботи молӣ ва ба вижа мудирияти қарзи умумиро аз аҳдофи худ дар даврони раёсати давраӣ бар гурӯҳи 24 унвон кард .