Октябр 18, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Поёни маҳдудияти таслиҳотии Эрон; паёмҳо ва паёмадҳо

Маҳдудияти таслиҳотии Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 сол пас аз замони иҷрои БАРҶОМ; имрӯз ( якшанбе 27 меҳрмоҳ/۱۸ октябр ) поён ёфт.

Бо поёни маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон аз ин ба баъд маҳдудияти содирот ва воридоти колоҳои таслиҳотӣ аз мабдаъ ба мақсади Эрон лағв ва маҳдудияти сафари 23 шахси ҳуқуқӣ мавзӯи феҳристи қатъномаи 2231 хотима ёфт.

Вазорати  умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интишори баёнияе расмӣ дар хусуси поёни маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон таъкид кард:

Имрӯз, як рӯзи бисёр муҳим барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст, ки бархилофи талошҳои режими Иёлоти Муттаҳида, аз қатъномаи 2231-и Шурои амнияти Миллали Муттаҳид ва барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) сиёнат кардааст.

Амрико дар чанд моҳи ахир ибтидо талош кард бо ироаи қатъномае; таҳрими таслиҳотии баландмуддати Эронро дар Шурои амнияти Созмони Миллал ба тасвиб бирасонад, аммо муваффақ нашуд. Танҳо як кишвар аз 15 узви Шурои амният бо дархости Амрико мувофиқат кард ва дигар аъзо бо он мухолифат карданд ё ба он овози мумтанеъ доданд. Амрико дар гоми баъдӣ низ, ки ҳадафаш фаъол кардани «механизми моша» буд; боз ҳам муваффақияте бадаст наёвард, зеро Трамп соли 2018 аз тавофуқ хориҷ шуда буд ва салоҳияти ин иқдоми ҳуқуқиро надошт. Акнун бо бардошта шудани таҳрими таслиҳотии Эрон шикасти сангини дигаре барои Иёлоти Муттаҳида рақам зада шуд. Поёни таҳрими таслиҳотии Эрон дар шароите, ки Вашингтон ҳисоби вижае бар рӯи фишорҳои сиёсӣ бар зиди Эрон боз карда буд, зарбаи сангине  бар эътибори ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида аст .

Аҳамияти ин мавзӯро метавон аз ду зовия мавриди тавваҷуҳ қарор дод:

Нахуст, буъди сиёсии масаъла ва зарурати амал ба таъаҳҳудот дар чорчуби тасмимот ва қатъномаҳои Шурои амният аст. Ин мавзӯъ аз ин зовия, ҳовии паёме равшан аст, ки дар нуқтаи муқобили сиёсати якҷонибагароии Амрико қарор дорад.

Козими Ғарибободӣ, сафиру намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена, бомдоди якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо ИРНА дар Лондон, дар бораи аҳамияти буъди ҳуқуқии поёни таҳримҳои таслиҳотӣ гуфт: Ин мавзӯъ аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки муҳимтарин навъи маҳдудиятҳо яъне ҳамон таҳримҳо ва маҳдудиятҳои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯъоти мухталиф бардошта шуд ва аз ин пас давлатҳо наметавонанд дар муомилоти таслиҳотӣ, ба вуҷуди таҳримҳо ё маҳдудиятҳое дар ин хусус истинод кунанд.

Аммо ҷанбаи дигар дар нигоҳ ба ин мавзӯ; паёмадҳо ва таъсисоти ҳуқуқӣ поёни маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон аст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар ин иртибот, ҷойгоҳи харидҳои таслиҳотӣ дар Доктринаи низомии Эрон аст.

Эрон ҳатто дар солҳои пеш аз таҳрим низ камтарин буҷетро ба харидҳои таслиҳотӣ тахсис дода, зеро авлавияти Эрон тақвияти худкифоӣ дар таъмини ниёзҳои дифоӣ ва қудрати боздорандагӣ аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин асос, бо такия бар қобилиятҳо ва зарфияҳои бумӣ, ниёзҳои дифоии худро таъмин кардааст. Эрон дар солҳои ахир пешрафти зиёде дар тавлиди таслиҳоти низомӣ дошта ва ҳатто тавонистааст ба унвони як содиркунандаи таҷҳизоти мутаъорифи низомӣ дар ин ҳавза вуруд пайдо кунад. Ин доктрина ҳамчунон меҳвари аслӣ ва ососии кулияи иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифзи қудрати дифоӣ буда ва хоҳад буд; албатта бо ин таъкид, ки Эрон ҳечгоҳ ба дунболи силоҳҳои ғайримутаъориф ва анбошти силоҳ барои ноамн кардани минтақа набудааст.

Дар воқеъ онгуна, ки Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте  навишт: Поёни ин маҳдудият, пирӯзӣ  барои ормони чандҷонибагароӣ ва низ сулҳу амният дар минтақа  ба шумор меояд.

 

Барчасп