Октябр 19, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Теҳрон бар ҳимоят аз раванди сулҳ ва барқарории субот дар Афғонистон

Ҷумҳурии исломии Эрон дар сиёсати хориҷии худ ҳамвора нишон дода, ки аз барқарории суботи сиёсӣ, сулҳ ва оромиш дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва ин руйкард ҳамчунон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон қарор дорад. Ба иборати дақиқтар бояд гуфт, ки Афғонистони обод, мустақил, тавсеъа ёфта ва бо сулҳу субот хости ҳамешагии Эрон будааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Теҳрон, бори дигар бар ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳо ва тавофуқҳои ширкаткунандагон дар гуфтугӯҳо байни гурӯҳҳои мухталифи афғонистонӣ таъкид кард.

Зариф ҳамчунин аз мушорикати Абдуллоҳ дар раванди сиёсӣ ва пазириши масъулияти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон қадрдонӣ ва мушорикати Толибон дар сохтори сиёсии Афғонистонро мавриди ҳимояти Эрон унвон кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки барои сафари се рӯза ва дидору гуфтгӯ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бора роҳҳои густариши равобити дуҷониба ва сулҳу суботи Афғонистон, рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шуд, пеш аз сафар ба Эрон ба Покистон ва Ҳинд низ сафар кард. Ба вуҷӯд овардани иҷмои минтақаӣ барои ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон аз аҳдофи сафари минтақаии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон эълом шудааст.

Нақши минтақаии Эрон бавижа дар ҳавзаи сиёсати хориҷии Афғонистон, аз сӯи раисиҷумҳур ва дигар аз мақомоти аршади ин кишвар ҳамвора муҳим ва таъсиргузор тавсиф шудааст. Бар мабнои ин дидгоҳ, давлатмардони аршади афғон аз мушорикати Теҳрон дар ибтикороти сулҳи Афғонистон ҳамвора истиқбол кардаанд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ҳамин росто дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Эрон аз он кишвар гуфт, ҳадафи Теҳрон ҳимоят аз сулҳ дар сояи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва қонуни асосии ин кишвар аст ва Эрон ҳамвора дар 4 даҳаи ахир дар канори мардуми Афғонистон будааст.

Дар мавриди равобити Эрон ва Афғонистон ду нукта қобили зикр аст:

Нуктаи нахуст: аҳаммияти равобити Эрон ва Афғонистон ба далели ҳамсоягӣ ва доштани марзи муштарак аст. Ҳамсоягии Эрон ва Афғонистон боис шудааст, ки таҳаввулоти мусбат ё манфӣ дар Афғонистон бар Эрон таъсир бигузорад.

Нуктаи дувум: нақши мусбат ва созандае аст, ки Эрон тайи чаҳордаҳаи гузашта дар ҳимояти бидуни чашмдошт аз Афғонистон ифо кардааст. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чанде қабл дар тамоси телефонии Муҳамад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид кард, густариши субот ва амният дар Афғонистонро дар ростои тавсеаи субот ва амнияти худ медонем ва муътақидем ихтилофоти гурӯҳҳо аз тариқи музокира дар чорчӯби усул ҳаллу фасл мешавад ва дар ин масир ҳамвора дар канори давлат ва миллати Афғонистон ҳастем.

Ба далоили мутааддиде Эрон ҳамвора аз раванди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят карда ва дар ин мақта низ тамомии талоши худро барои кумак ба гуфтугӯҳои асили байналафғонӣ бакор хоҳад гирифт.

Нузар Шафиъӣ, таҳлилгари масоили байналмилал муътақид аст, асоси сиёсати Эрон мубтанӣ бар талошҳое аст, ки ба сулҳу тавсеаи иқтисодӣ дар Афғонистон мунҷар шавад. Вай тасреҳ мекунад, нигоҳи Эрон ба Афғонистон тавсеамеҳвар аст, тавсеъа аз чанд буъд, яке кумак ба суботи сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон ва дигаре кумак ба рушду тавсеаи иқтисодии Афғонистон аст.

Ончӣ мусаллам аст субот, сулҳ ва тавсеаи Афғонистон ба нафъи Эрон ва ҳамаи кишварҳои минтақа аст. Ба ҳар андоза, ки Афғонистон қавитар ва бо суботтар бошад, равобити ин кишвар бо ҳамсоягон аз истеҳкоми бештаре бархӯрдор хоҳад шуд. Аз ин дидгоҳ, сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳи вай ба Теҳрон, фурсати муносибе аст то мақомҳои ду кишвар зимни гуфтугӯ дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон дар бораи равобити дуҷониба ва соири мавзӯҳои мавриди алоқа низ музокира кунанд.

 

Барчасп