Корона дар Эрон рекорди ҷадид бар ҷо гузошт
-
Чаҳор ҳазору 251 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуд
Дар рӯйдоди бесобиқа 337 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба корона ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 251 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 948 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 534 ҳазору 631 нафар расидааст.
Ҳамчунин дар шабонарӯзи гузашта 337 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 30 ҳазору 712 нафар афзоиш ёфт.
Токунун 431 ҳазору 360 нафар аз ин беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон ба беш аз 40 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди як миллиону 120 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.