Октябр 24, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Хатибизода: иқдомоти зиддиэронии Амрико бепосух намемонад
    Хатибизода: иқдомоти зиддиэронии Амрико бепосух намемонад

Сафири Амрико дар Ироқ ду мақоми дигари он кишвар дар феҳристи ашхоси таҳти таҳрими Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафири Амрико дар Бағдод ва ду мақоми дигари ин кишварро, ки дар ҳамоҳангии иқдомоти террористӣ дар Ироқ, минтақа ва дар террори муҷримонаи сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва пешбурди таҳримҳо зидди Эрон нақш доштанд, дар феҳристи ашхоси таҳти таҳрими худ қарор дод.

Хатибзода дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” таъкид кардааст: “иқдомоти зиддиэронии Амрико бе посух намемонад”.

Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам бо интишори баёнияе эълом кард, Мэтю Толлер, сафири Амрико дар Бағдод, Стив Феджин, муъовини сафир ва Роб Уоллер, сарконсули Амрико дар Арбили Ироқ таҳрим шуданд ва тамомии ниҳодҳои Эрон тибқи қонӯн бояд иқдомоти лозимро дар ин замина сӯрат диҳанд.

 

Барчасп