Октябр 24, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳамагон хостанд дар мубориза бо вируси корона ҳамкорӣ кунанд
    Раҳбари Инқилоби Исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳамагон хостанд дар мубориза бо вируси корона ҳамкорӣ кунанд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар ҳамкории ҳамаи дастгоҳҳо ва мардум бо муқобила бо вазъияти таассуфбори вируси оламгири корона таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ рӯзи шанбе дар дидори ҳузурӣ бо раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ситоди миллии муқобила бо коронаи Эрон зимни қадрдонӣ аз амалкарди ин ситод, ба наҳваи мудирияти муқобила бо вируси корона дар кишварҳои мухталиф ишора карданду гуфтанд : « Дар бархе кишварҳо ҳамонанди Амрико бадтарини мудирият иҷро шудааст, вале мо бояд талош кунем аз ин ҳодиса, ки бо ҷону саломатии мардум ва амнияту иқтисоди онҳо дар иртибот аст, бо беҳтарини мудирият убур кунем.»

Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ  афзуданд: «корҳои бузурге дар кишвар дар ҷараён асту ба тавфиқи илоҳӣ ҳеч ҳодисае натавониста ҷумҳeрии исломиро мутаваққиф кунад, аммо бояд мавонеъеро, ки мӯҷиби кунд шудани ҳаракат мешавад, ҳар чӣ зeдтар бартараф кард.»


Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, лозимаи мудирияти саҳиҳу муносибро "гирифтани тасмимҳои қотеъи ҳокимиятӣ" , " қонеъ кардани афкори умумӣ " ва " ҳамкории ҳамаи дастгоҳҳо ва ҳамкории мардум " донистанд ва таъкид карданд: «албата ин ҳамкорӣ фақат хоси муқобила бо корона нест, балки бояд дар ҳамаи масоил ба хусус масоили сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, зеро кишваре, ки дорои миллати қудратманд, низоми навпадид ва сухани ҷадид аст, ба таври табиӣ бо масоили муҳимме дар арсаи ҷаҳонӣ ва дохилӣ мувоҷеҳ аст.»

Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин бар зарурати иттиҳоду инсиҷоми дарунӣ дар Эрон таъкид карданд ва бо интиқод аз тавҳини бархе афроду ҷараёнҳо ба масъулони Эрон гуфтанд: «Ингуна рафторҳо ва таҳқир, равиши амрикоиҳо аст ки дар мунозираҳо ва корҳои матбуотӣ, худро дар дунё расво кардаанд то ҷое, ки як шахсияти барҷастаи сиёсии онҳо мегӯяд дунё бо ҳаросу таҳқир ба мо нигоҳ мекунад.»


 
 Бештар бихонед:

Барчасп