Зариф ҳамлаи интиҳории Кобулро маҳкӯм кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i586-Зариф_ҳамлаи_интиҳории_Кобулро_маҳкӯм_кард
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми террористии асри шанбе дар пойтахти Афғонистонро маҳкӯм кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 24, 2016 10:56 Asia/Dushanbe
  • Зариф ҳамлаи интиҳории Кобулро маҳкӯм кард

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми террористии асри шанбе дар пойтахти Афғонистонро маҳкӯм кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттери шахсиаш навишт, бамбгузории террористии асри шанбеи Афғонистон. намунаи дигаре аз умқи шарорати ДИИШ аст.

Зариф дар паёми Твиттерии худ таъкид кард, шиа ва суннӣ ҳар ду қурбонӣ ҳастанд ва бояд барои шикасти ифротгароӣ муттаҳид шаванд.

Пеш аз ин Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам дар баёнияе иқдоми террористии асри шанбе дар Кобулро зидди инсонӣ ва ғайри исломӣ хонд ва гуфт, терроризм, ифротгарӣ ва ба мухотира андохтани ҷони мардуми бегуноҳ ҳамвора ва дар ҳар ҷо, тавҷеҳнопазир ва мардуд аст.

Қосим бо хонаводаи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Кобул ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши манобеи амниятӣ ва пизишкӣ дар Кобул, бар асари инфиҷори асри шанбе дар ин шаҳр, ҳудӯди 80 тан кушта ва 300 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори Кобулро бар ӯҳда гирифт.