Мустақар шудани неруҳои низомии Эрон дар марз бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Дастаҳое аз неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар марзҳои шимоли ғарбии Эрон, ки дар муҷовирати Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон аст мустақар шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, сардор Муҳамади Покпур- фармондеҳи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар боздид аз манотиқи марзии шимоли ғарбии Эрон, ки дар муҷовирати маҳали даргирии ду кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон қарор дорад гуфт: Амният ва оромиши мардуми Эрон авлавияти аслии неруҳои низомии ҷумҳурии исломӣ аст.
Вай бо ишора ба эъзому истиқрори дастаҳое аз неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба минтақа гуфт: Эъзоми дастаҳое аз неруҳои заминии сипоҳ дар чорчуби аҳдоф ва ҳифозат аз манофеъи миллӣ ва ҳамчунин таъмини амният ва оромиши мардуми минтақа хоҳад буд.
Аз оғози даври ҷадиди даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ то кунун даҳҳо тири хумпора ва ракет ба рустоҳои марзии Эрон бархурд кардааст.
Бештар бихонед:
-
Мушакҳои даргирии Озарбойҷон ва Арманистон дар Эрон фуруд меоянд
- Хумпораҳои ҷанги Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард