Амрико Вазорати нафти Эрон ва вазири онро таҳрим кард
Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи душанбе Вазорати нафт, созмонҳои муртабит бо он ва Бежан Номдори Зангина- вазири нафти Эронро дар рӯйхатти таҳримҳои худ, ки ба як абзори таблиғотии интихоботӣ табдил шудааст, қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи душанбе дар сайти расмии худ эълом кард, ки Дафтари контроли дороиҳои хориҷии ин ниҳод, Вазорати нафт, ширкати миллии нафти Эрон ( NIOC ) ва ширкати миллии нафткаши Эронро ба рӯйхатти таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон афзудааст.
Хазонадории Амрико ҳамчунин Бежани Номдори Зангина- вазири нафти Эрон, Масъуди Карбосиён- мудири омили ширкати миллии нафти Эрон, Насруллоҳ Сардаштӣ, мудири омили ширкати миллии нафткаши Эрон ва се нафари дигар аз мудирони аршади нафтии ин кишварро таҳрим кардааст.
Дафтари контроли дороиҳои хориҷии Вазорати хазонадории Амрико ҳамчунин чандини ниҳод ва шахси муртабит бо Вазорати нафти Эронро, ки дар фуруши бензин ба Венесуэла нақш доштаанд дар рӯйхатти таҳримҳо қарор додааст.
Стивен Мночин- вазири хазонадории Амрико бидуни дар назар гирифтани осори шуми терроризми иқтисодии давлати Трамп бар мардуми Эрон ва тадовуми он ҳатто дар замони ҳамагирии корона иддао кард Эрон ҳамчунон ҳимоят аз ниҳодҳои террористӣ ва барномаи ҳастаии худро бар ниёзҳои мардуми Эрон дар авлавият қарор додааст.
Бештар бихонед:
-
Таъкиди раиси бонки марказии Эрон бар моқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико
-
Вокуниши Зариф ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи бонкҳои Эрон
-
Аврупо: ҳар иқдоме барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон асари қонунӣ надорад