Таъкиди сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар тақвияти робитаҳои парлумонӣ бо Эрон
(last modified Wed, 28 Oct 2020 08:46:24 GMT )
Октябр 28, 2020 13:46 Asia/Dushanbe
  • Зоҳидӣ: Теҳрон ва Душанбе дар заминаҳои мухталиф такмилкунандаи якдигаранд
    Зоҳидӣ: Теҳрон ва Душанбе дар заминаҳои мухталиф такмилкунандаи якдигаранд

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо раис ва аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Тоҷикистон дидор ва бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои байни маҷлисҳои ду кишвар таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ- сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо Ҷалили Раҳимии Ҷаҳонободӣ афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Эрону Тоҷикистонро зарурӣ донист ва афзуд : Теҳрону Душанбе дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, саноъатӣ ва фарҳангӣ такмилкунандаи якдигаранд; ба шевае, ки метавонанд аз ин фурсат барои афзоиши мубодилот ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба истифода кунанд. 

Ҷалили Раҳимии Ҷаҳонободӣ-раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Ҷумҳӯрии Исломии Эрону Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ , динӣ ва забонии ду кишвар ва ҳамчунин пешинаи иртибототи дӯстонаи дуҷониба гуфт: Густариши таъомулоти дӯстонаи Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мухталиф ва рафъи монеъаҳои мавҷуд дар масири густариши ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумлаи мавзӯъоте аст, ки гурӯҳи дӯстии парлумонии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон – Тоҷикистон пайгирӣ мекунад.

Бештар бихонед :