Дабиркулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ: ваҳдати уммати исломӣ, як роҳбурд аст
(last modified Thu, 29 Oct 2020 13:31:41 GMT )
Октябр 29, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдати уммати исломӣ, як роҳбурд аст
    Ваҳдати уммати исломӣ, як роҳбурд аст

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ гуфт: "Ҳафтаи ваҳдат имкониятест барои мусалмонон то бори дигар сулҳ ва дӯстӣ, бародарӣ ва бародариро таъкид кунанд."

Дабиркулли  Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ "Ҳамид Шаҳриёрӣ" маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар маросими ифтитоҳияи сиючаҳорумин конференсияи ваҳдати исломӣ бо баёни ин ки ҷаҳони ислом бо таҳаввулоти сариъ ва печида рӯбарӯ шуда ва беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди ваҳдат аст, таъкид кард ваҳдати уммати исломӣ на як тактик, балки як роҳбурд аст,  ки Қуръони карим онро ба унвони шохисе барои мо таъин кардааст.

Вай тасреҳ кард душманони ҷаҳони ислом ба хусус истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико ва режими ғосиби саҳюнистӣ тамоми талоши худро ба кор мебанданд бо эҷоди низоъ, ҷанг, террор ва такфири мӯҷиби тафриқа ва гусаст дар ҷаҳони ислом  шаванд ва дар охирин ҳаракати шуми худ ба талош барои оддисозии равобити бархе кишварҳо бо режими ишғолгари саҳюнистӣ иқдом карданд.

Сиючаҳорумин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом имрӯз панҷшанбе ба сурати маҷозӣ оғоз шуд. 

Беш аз 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом аз 47 кишвар ва ҳамчунин 120 суханрони дохилӣ ба сурати веб-семинар перомуни мавзӯҳои конференсия суханронӣ хоҳанд кард.

Маросими ихтитомияи ин конференсия душанбе мусодиф бо 16 рабиул аввал ва шаби мелоди Паёмбари акрам ( с ) баргузор хоҳад шуд. 


Бештар бихонед :