Ройзании фиристодаи Эрон бо туркҳо бар сари муноқишаи Қарабоғ
Идомаи музокироти Саидаббоси Ироқчӣ, фиристодаи вижаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти минтақаӣ бар сари сулҳ дар Қарабоғ дар Туркия пайгирӣ шуд.
Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон, ки барои ҳаллу фасли муноқишаи Қарабоғ роҳии кишварҳои минтақа шудааст, пас аз музокира бо мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Арманистон ҷумъашаб вориди Анкара шуд ва бо Содот Онал (Sedat Önal), муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи муноқишаи ахир байни Боку Ереван гуфтугӯ кард.
Ироқчӣ: рӯйкарди Эрон барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғ аст
Сафари минтақаии Саидаббоси Ироқчӣ барои пешбурди ибтикори Эрон дар ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қарабоғ аз рӯзи сешанбеи гузашта аз Боку оғоз шуд ва сипас дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа бо ройзанӣ бо мақомоти Маскав ва Ереван идома ёфт.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Поёни ишғолгарии Арманистон: пояи аслии тарҳи Эрон барои сулҳи Қарабоғ
Боздиди Ироқчӣ аз марзҳои Эрон бо Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
Тарҳи ибтикории Эрон барои поён додан ба муноқишаи Қарабоғ