Ноябр 01, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 434 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
    Ҷон бохтани 434 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 7 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 434 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ҳафт ҳазору 719 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 389 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба  сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони  Ковид - 19 дар Эрон ба 620 ҳазору 491 нафар расидааст, афзуд: Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 434 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонибохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 35 ҳазору 298 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 486 ҳазору 691 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 46 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 201 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 33 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп