Ноябр 02, 2020 21:51 Asia/Dushanbe

ҳабдаҳуми рабиъулаввал валодати дурдонаи хилқат, расули баракату раҳмат ва пайёмовари сулҳу растагорӣ ҳазрати Муҳамади Мустафо (саллаллоҳ алайҳи васаллам) аст.

Охирин фиристодаи ҳазрати ҳақ, ки башарро аз зулумоти ҷаҳлу гумроҳӣ ба сӯи рӯшноӣ ҳидояти илоҳӣ раҳнамун шуд.

Агар чи дар таърихи валодати расули хотам (с) миёни мусулмонон бар сари дувоздаҳум ва ҳабдаҳуми рабиъулаввал ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо ҳамаи ин рӯзҳо ба бузургмарде таъаллуқ дорад, ки дар лаҳзаи шукуҳманди валодаташ ҳар буте дар ҳар ҷои олам буд сарнугун шуд ва чаҳордаҳ конгресс аз ивани Касро фурӯ рехт.

Дарёчаи Сова, ки онро мепарастиданд хушку бадал ба намакзор шуд ва оташ пас аз ҳазор сол нурафшонӣ дар оташкадаи Форс хомуши гашт.

 

Милоди Содиқи оли Муҳаммад (а) муборак бод

 ҳабдаҳуми рабиъулаввал ҳамчунин милоди шашумин нури дурахшон аз салолаи поки расули Худо (с) ҳазрати имоми Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом аст.

Ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом дар шаҳри муқаддаси Мадина мутаваллид шуданд ва падари он бузургвор ҳазрати имом Боқир алайҳиссалом ва модари ишон Уммуфаруҳ наводаи Абубакр халифаи аввал  буд.

Ҳазрати имом Содиқ (алайҳиссалом) дар фазлу дониш саромади ҳамаи мусулмонон ва дар миёни шиъа ва суннӣ мақомаш аз ҳамагон арҷмандтар буд.

Ишон дар даврони ҳаёти пурбаракати худ чаҳор ҳазор шогирди барҷастаро парвариш дод, ки имом Абуҳанифа аз ҷумлаи шогирдони он ҳазрат аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон милоди хуҷастаи пайёмбари аъзам Муҳаммади амин (с) ва наводаи арҷмандаш Содиқи оли Муҳаммад (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон табрик мегуяд.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп