Рӯҳонӣ: Давлати баъдии Амрико дар баробари Эрон таслим мешавад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бе тардид давлати баъдии Амрико дар баробари миллати Эрон таслим хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти тарҳи миллии интиқоли оби Халиҷи Форс ба манотиқи кавирии фалоти марказии Эрон ба баргузарии интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ишора кард ва гуфт: Амрикоиҳо роҳе надоранд ҷуз ин ки дар баробари қонун, муқаррарот ва фишори афкори умумӣ ва сабру муқовимати миллати бузурги Эрон таслим шаванд.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки муҳим нест давлати Амрико дар ихтиёри чи шахсу ҳизбе бошад, афзуд: Дар 8 моҳи гузашта мардуми Эрон ҳам коронаро таҳаммул карданд ва ҳам бо таҳриму сахтиҳо муқобила карданд ва тавонистанд дар баробари ин ҳама фишор биистанд.
Раиси ҷумҳури Эрон ифтитоҳи тарҳҳои миллиро аз нишонаҳои муҳими муваффақиятҳои мардуми Эрон донист ва гуфт: Миллати Эрон мутаваққиф намешавад ва дар баробари фишорҳо зону намезанад ва камар хам намекунад.
Марҳилаи аввали тарҳи ширинсозии обу қитъаи аввали хати интиқоли об аз Халиҷи Форс фалоти марказии Эрон ( Бандараббос-Сирҷон ) субҳи рӯзи панҷшанбе ифтитоҳ шуд.
Бо оғоз ба кори ин тарҳ, дар марҳилаи аввал, рӯзона 200 ҳазор метри мукаъаб об барои масорифи ошомиданӣ ва саноат дар вилоятҳои Ҳурмузгон ва Кирмон дар ҷануби Эрон намакзудоӣ мешавад.
Бештар бихонед: