Ҳамдардии мардуми Эрон бо миллати Афғонистон дар мотами миллӣ
(last modified Thu, 05 Nov 2020 11:12:15 GMT )
Ноябр 05, 2020 16:12 Asia/Dushanbe

«Ҷони падар куҷостӣ?» пурсише аст, ки ин рӯзҳо дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ такрор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзи душанбе 2 ноябр қарор буд дар Донишгоҳи Кобул намоишгоҳи китоби ноширони афғонистонӣ ва эронӣ ифтитоҳ шавад, аммо ҳамлаи мусаллаҳона ба ин донишгоҳ, баргузории намоишгоҳро ба таъхир андохт.

Дар ҳамлаи террористӣ дар Донишгоҳи Кобул 22 донишҷӯ шаҳид ва даҳҳо тан низ захмӣ шуданд.

Бархе манобеъ маҷмӯи ҷонбохтагонро 35 нафар эълом кардаанд.

Саволи падари яке аз қурбониён, ки пас аз 142 бор тамоси бепосух дар паёмаке аз фарзанди худ пурсида буд « Ҷони падар куҷостӣ?» ин рӯзҳо илова бар тренд шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бархе шаҳрҳои Эрон аз ҷумла Теҳрон ба унвони ибрози ҳамдардӣ бо мардуми доғдидаи Афғонистон бар тоблуҳои шаҳрӣ нақш бастааст.

Бештар бихонед: