Эрон чаҳор доруи гиёҳӣ барои беҳбуди нишонаҳои корона сохт
Сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон аз тавлиди чаҳор доруи гиёҳӣ барои беҳбуди нишонаҳои корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; Киёнуши Ҷаҳонпур- сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон рӯзи душанбе гуфт: Ин доруҳо, ки дар Эрон тавлид ва озмоиш шудааст ҳечкадом барои дармони КОВИД-19 нест, аммо барои беҳбуди нишонаҳои ин беморӣ осори таъйидшудае дорад.
Сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон афзуд: Аввалин доруи гиёҳӣ аз ин маҷмӯъа як спрейи даҳонӣ бо номи « PHR 160» аст, ки ҳовии 6 исонси гиёҳӣ аст ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи корозмоии болинӣ дар сурати масраф ба беҳбуди аворизи риявии КОВИД-19 шомили танагии нафас, сурфа ва оксигенрасонии шараёнӣ кумак мекунад.
Ҷаҳонпур идома дод: Доруи дувум шарбати « Мокозифт» ҳовии усораи меваи ду гиёҳ аст, ки масрафи он барои беҳбуди нишонаҳои хастагӣ ва беиштиҳоӣ дар беморони мубтало ба КОВИД-19 муносиб аст.
Вай як шарбат ҳовии ҳафт гиёҳро аз дигар доруҳои гиёҳии тавлидшуда дар ин замина муаррифӣ кард ва гуфт: Ин дору, ки ҳануз номи он таъйид нашуда бар асоси натоиҷи корозмоии болинӣ дар коҳиши даврони бистарӣ ва беҳбуди оксигенрасонӣ ба бадан муассир аст.
Сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон ҳамчунин гуфт: Чаҳорумин фаровардаи табиӣ дар ин маҷмӯъа як шарбат ҳовии гиёҳе доруӣ аст, ки бархе нишонаҳои бемории КОВИД-19 ро коҳиш медиҳад.
Бештар бихонед:
- Ваксинаи эронии корона ба марҳилаи озмоиши инсонӣ расид
-
Мақоми қирғиз: Барои дармони корона ва зотуррия аз Эрон дору ворид мекунем