Корона ҷони 462 нафари дигарро дар Эрон гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i59014-Корона_ҷони_462_нафари_дигарро_дар_Эрон_гирифт
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон беш аз 11 ҳазор бемори нави гирифтори бемории корона муайян карда шуд ва 462 нафар ба рӯйхати қурбониёни ин беморӣ илова карда шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 11, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • 11 ҳазору 780 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуданд
    11 ҳазору 780 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон беш аз 11 ҳазор бемори нави гирифтори бемории корона муайян карда шуд ва 462 нафар ба рӯйхати қурбониёни ин беморӣ илова карда шуданд.

Багузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 11 ҳазору 780 бемори ҷадиди мубтало ба  Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод се ҳазору 339 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 715 ҳазору 68 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 39 ҳазору 664 нафар расидааст.

Токунун 536 ҳазору 105 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: