Ноябр 14, 2020 15:16 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: ҳеч як аз аъзои Алқоида дар Эрон ҳузур надоранд
    Хатибзода: ҳеч як аз аъзои Алқоида дар Эрон ҳузур надоранд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо радди бархе гузоришҳои мунташир шуда мабнӣ бар террори як мақоми гурӯҳи террористии Алқоида дар Эрон, ҳар гуна ҳузури аъзои ин гурӯҳро дар Эрон такзиб кард.

Мақомҳои иттилоотии Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймс", иддао кардаанд, ки Абдуллоҳ Аҳмад Абдуллоҳ, марди шумораи дуи Алқоида ва духтараш, ки зани писари бин Лоден аст, се моҳи пеш дар Теҳрон ба дасти маъмурони исроилӣ ва ба супориши Амрико террор шудаанд.

Манобеи исроилӣ иддао карданд, Абдуллоҳ Аҳмад, марди шумораи дуи Алқоидаро дар Теҳрон террор кардаанд

Саъиди Хатиб‌зода, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи бархе гузоришҳои манобеи исроилӣ ва гузориши ахири рӯзномаи Ню-Йорк Таймс дар ин бора гуфт, гурӯҳи террористии Алқоида, зодаи сиёсатҳои ғалати Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа аст ва Вашингтон ва Тел Авив ҳар аз чанд гоҳе барои шона холӣ кардан аз масъуляти иқдомоти ҷиноятбори Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа талош мекунанд бо дуруғпардозӣ ва густариши иттилооти сохтагӣ дар расонаҳо, Эронро муртабит бо чунин гурӯҳҳое ба тасвир бикашанд.

Марги саркардаи Алқоида

Сухангӯи  вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба рӯйкарди зиддиэронии Амрико афзуд, ҳарчанд Амрико дар гузашта низ аз тарҳи ҳеч иттиҳоми дурӯғе зидди Эрон фурӯгузор накарда, аммо ин рӯйкард дар давлати феълии Амрико табдил ба як раванди доимӣ шуда ва Кохи Сафед талош кардааст бо такрори чунин иттиҳомоте дар иҷрои тарҳи эронҳаросии худ беш аз пеш гом бардорад.

Хатиб‌зода таъкид кард, бидуни тардид ин иттиҳомзаниҳо дар чорчӯби ҷанги ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, иттилоотӣ ва равонӣ зидди мардуми Эрон анҷом мешавад ва расонаҳо набояд дар доми сенарияпардозиҳои Ҳолливуди мақомҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ биафтанд ва трибуне барои нашри дурӯғҳои ҳадафманди Кохи Сафед зидди Эрон бошанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Рӯҳонӣ: Амрико дар расидан ба аҳдофи худ алайҳи Эрон дучори шикастҳои камназир шудааст

Идомаи иттиҳомзаниҳои Амрико алайҳи Эрон, Русия ва Чин

Ифшои нақши генерали бознишастаи амрикоӣ дар террори сардор Сулаймонӣ

 

Барчасп