Вокуниши Эрон ба иддаои моҷароҷӯии эҳтимолии Трамп
(last modified Tue, 17 Nov 2020 17:11:51 GMT )
Ноябр 17, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон мегӯяд, ба ҳар гуна моҷароҷӯии Амрико посух хоҳад дод
    Эрон мегӯяд, ба ҳар гуна моҷароҷӯии Амрико посух хоҳад дод

Сухангӯи намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ба хабари эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Мирюсуфӣ, сухангӯи намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Эн Би Си Нюс, дар вокуниш ба хабари қасди давлати Доналд Трамп барои ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт: «Эрон собит кардааст, ки тавони истифода аз қудрати низомии қонунии худ барои посухгуӣ ба ҳар гуна моҷароҷӯии молихулиёии ҳар мутаҷовизеро дорад».

Мирюсуфӣ ҳамчунин бори дигар таъкд кард: «Барномаи ҳастаии Эрон сирфан дорои ҳадафҳои сулҳомез ва истифодаи ғайринизомӣ аст».

Вай гуфт, хориҷ шудани Трамп аз тавофуқи ҳастаӣ ва таҳримҳои золимонаи давлати Амрико, моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эронро тағйир надодааст ва ин мавзӯро гузоришҳои Ожонси энержии ҳастаӣ борҳо таъйид кардааст.

Ню-Йорк Таймс шомгоҳи душанбе муддаӣ шуд, Доналд Трамп дар ҷаласае бо мақомоти амнияти миллии Амрико аз ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон сухан гуфтааст, аммо бо мухолифати онҳо рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп