Эрон дар нишасти Лозанна ширкат намекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5923-Эрон_дар_нишасти_Лозанна_ширкат_намекунад
Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ахбори марбут ба ҳузури намояндаи Эрон дар иҷлоси панҷҷонибаи Лозаннаи Швейтсария дар бораи Сурияро рад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 14, 2016 18:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар нишасти Лозанна ширкат намекунад

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ахбори марбут ба ҳузури намояндаи Эрон дар иҷлоси панҷҷонибаи Лозаннаи Швейтсария дар бораи Сурияро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", манбаи огоҳ дар давлати Эрон эълом кард, ҷумҳурии исломӣ дар нишасти панҷҷонибаи Эрон, Русия, Арабистон, Туркия ва Амрико дар Лозаннаи Швейтсария барои ҳалли буҳрони Сурия ширкат намекунад.

Ахиран бархе расонаҳо аз ҳузури Эрон дар нишасти панҷҷонибаи Эрон, Русия, Арабистон, Туркия ва Амрико дар Лозаннаи Швейтсария барои ҳалли буҳрони Сурия хабар дода буданд.