Амрико монеи вурӯди дору ва ваксина ба Эрон ҳатто дар даврони корона
Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ Эрон гуфт, Амрико ҳатто дар давраи корона низ монеи вурӯди дору ва ваксина ба Эрон мешавад.
Доктор Эраҷи Ҳарирчӣ, муовини кулли вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон чаҳоршанбешаб дар гуфтугу бо шабакаи хабари телевизион Эрон гуфт: « корона саҳмгинтарин мушкиле аст, ки ҷомеаи башарӣ дар 100 соли ахир бо он мувоҷиҳ шуда ва асари он бар маишат ва иқтисоди мардум бештар аз хисорати Ҷанги ҷаҳонии дувум будааст, аммо Эрон дар ду ҷибҳаи таҳрим ва корона қарор дорад ва таъсироти бемории корона дар Эрон шадидтар аст.»
Вай афзуд, бар асари таҳримҳои золимонаи Амрико дору ва ваксинаи онфулонзо(зуком), ки пули он ҳам пардохт шудааст, иҷозаи вурӯд ба Эронро надорад.
Ҳарирчӣ ҳамчунин гуфт, таҳияи ваксинаи корона барои шаҳрвандони Эрон аз се роҳ тавлид дар дохили кишвар, харид аз дигар кишварҳо ва тавлиди муштарак бо дигар кишварҳо дар дастури кор қарор дорад.
Муовини вазири беҳдошти Эрон гуфт, бо иҷрои тарҳи маҳдӯдиятҳои саросарӣ барои пешгирӣ аз шуюи бештари вируси корона, ки аз шанбе (21 ноябр) дар саросари кишвар оғоз шуда, аз шумори мубталоён дар шаҳрҳои дорои болотарин ҳушдор коста шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ваксинаи эронии корона тобистони оянда вориди бозор мешавад
- Дархости Гурӯҳи 77 ва Чин барои лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон
- Маҳдӯдиятҳои ҷадиди коронаӣ дар 25 устони Эрон