Нерӯи дарёии артиши Эрон барои субот ва амният аз ҳеч кӯшише дареғ нахоҳад кард
(last modified 2020-11-26T16:40:42+00:00 )
Ноябр 26, 2020 21:40 Asia/Dushanbe
  • Нерӯи дарёии артиши Эрон барои субот ва амният аз ҳеч кӯшише дареғ нахоҳад кард
    Нерӯи дарёии артиши Эрон барои субот ва амният аз ҳеч кӯшише дареғ нахоҳад кард

Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: дар ростои барқарории субот, амният ва эҳтизози парчами муқаддаси Эрон дар уқёнусҳои дурдаст ва обҳои байналмилалӣ, аз ҳеч кӯшише дареғ нахоҳад кард.

Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо судури баёнияе дар остонаи ҳафтуми озар, рӯзи нерӯи дарёии артиш, тасреҳ кард: ин рӯз ёдовари ришодатҳо ва фидокориҳои мардонест, ки бо дастҳои холӣ ва қалбҳои бузург ва имонҳои росих ба қалби новгони дарёии артиши режими баъс заданд ва дасти режими Саддомро барои ҳамешаи солҳои ҷанг аз паҳнаи дарё кӯтоҳ карданд.

Дар ин баёния омадааст: агар дар солҳои ҷанги таҳмилӣ, террористҳои артиши Амрико, Саҳанд ва Сабалонро ҳадаф қаор доданд, имрӯз Саҳанд ва Сабалон аз дили ғайрат ва тахассуси меросдорони шаҳидон дар арсаи дарё мутаваллид шуда ва ҳамин ғайрат ва поймардӣ аст, ки фармондеҳону масъулони дигар кишварҳоро маҷбур меккунад то дар мувоҷеҳа бо ин ҳақиқати равшан, кулоҳ аз сар бардоанд.

Ҳафтӯми озар (27 ноябр) солрӯзи ҳаммосаофаринии персонали новчаи мушакандози "Пайкон", рӯзи ҷонфишониҳои персонали қаҳрамон ва ҷон бар кафи нерӯи дарёии артиш дар барқарории субот ва амният дар обҳои нилгуни Халиҷи Форс ва дарёи Уммон аст.

Дар чунин рӯзе, персонали новчаи мушакандози Пайкон дар амалиёти Марворид бо халқи ҳаммосаи ба ёдмонданӣ бо ҳамла ба поёнаҳои судури нефти "Ал-Бакр" ва "Ал-Уммия"-и Ироқ, беш аз ду саввуми ин поёнаҳоро мунҳадим карданд ва парчами Эронро бар муртафаътарин манораи ин поёнаҳо ба эҳтизоз дароварданд.

Барчасп