Исроил бо камбуди мӯшакҳои муносиб мувоҷҷеҳ шудааст
(last modified Thu, 17 Oct 2024 05:29:23 GMT )
Октябр 17, 2024 10:29 Asia/Dushanbe
  • Исроил бо камбуди мӯшакҳои муносиб мувоҷҷеҳ шудааст
    Исроил бо камбуди мӯшакҳои муносиб мувоҷҷеҳ шудааст

Порс тудей-Як рӯзномаи ингилисӣ дар матлабе ба чолиши камбуди мӯшакҳои падофанди ҳавоии Исроил пардохт.

Рӯзномаи Financial Times ба нақл аз мудирони санъатӣ , мақомоти пешини низомӣ ва таҳлилгарон навишт : Режими Исроил дар талош барои тақвияти дифои ҳавоии худ барои муқобила бо ҳамалот , бо камбӯди мӯшакҳои раҳгир мувоҷеҳаст . Ба гузориши Порс тудей , ин рӯзномаи афзӯд : Амрико талош мекунад ба коҳиши шикоф дар сипари муҳофизатии Исроил кумак кунад .

Аз инрӯ рӯзи якшанбе  Financial Times аз истиқрори сомонаи зиддимушакӣ тод дар сарзаминҳои ишғол шудаи тавассути Исроил хабар дод .

Ин рӯзнома эътироф кард ки режими саҳюнистӣ дар раҳгирии 180 мӯшаки болистики шиллек шуда аз сӯи Эрон дар аввали октябр дар ҷараёни амалиёти мушакии Ҷумҳурии исломӣ алайҳи мавозиъи ин режим , муваффақият ночизе доштааст .

Ин расона бо истинод ба изҳороти таҳлилгарон хотирнишон кард ки тақрибан 36 мӯшак дар ин амалиёт ба пойгоҳи ҳавоии Неватим исобат карда ва як мӯшаки дигар дар 700 метрии мақари Моссад мунфаҷир шудааст .

Дар ҳамин ҳол Financial Times ба нақл аз « Дана Строул » мақоми собиқи дифоии Амрико навишт : Масаълаи муҳимоти Исроил бисёр ҷиддӣ аст . Агар Эрон ба ҳамалоти Исроил посух диҳад ва Ҳизбуллоҳ ба он бипайвандад , дифои ҳавоии Исроил таҳти фишор қарор хоҳад гирифт .

Вай афзӯд : Захоири муҳимоти Амрико номаҳдӯд нест ва наметавонад ба таъмини силоҳҳои Украина ва  Исроил ба таври ҳамзамон идома диҳад . Мо ба нуқтаи буҳронӣ расидаем .