Вокуниши рӯҳониёни аҳли суннати Эрон ба террори шаҳид Фахризода
(last modified Sat, 28 Nov 2020 14:32:28 GMT )
Ноябр 28, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳониёни аҳли суннати Эрон террори донишманди ҳастаии Эрон шаҳид Фахризодаро маҳкум карданд
    Рӯҳониёни аҳли суннати Эрон террори донишманди ҳастаии Эрон шаҳид Фахризодаро маҳкум карданд

Рӯҳониён ва уламои аҳли суннати Эрон террори шаҳид Муҳсини Фахризодаро ба миллати Эрон тасаллият гуфтанд ва шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин иқдоми ноҷавонмардонаро хостор шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоили Зеҳӣ имоми ҷумъаи масҷиди Макӣ ва мудири ҳавзаи илмияи дорулулуми аҳли суннати шаҳри Зоҳидони Эрон дар паёме ба муносибати террори Раиси созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон доктор Муҳсин Фахризода навишт : «Банда ин ҷинояти ошкорро ба шиддат маҳкум мекунам ва барои шаҳид Муҳсини Фахризода мағфирати тамма ва улувви дараҷот аз боргоҳи илоҳӣ масалат дорам. Худованд ба бозмондагони марҳуми аҷру сабр иноят кунад ва авомили террори эшонро ба сазои аъмолашон бирасонад.»

Уламо ва рӯҳониёни аҳли тасаннуни остони Хуросони шимолии Эрон низ дар баёнияе террори шаҳиди Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаиро тасаллият гуфтанд ва аз вазорати иттилооту дастгоҳҳои амниятӣ ва қазоии Эрон дархост карданд ҳарчӣ зудтар омилон ва тарроҳони ин ҷинояти ғайриинсониро шиносоӣ кунанд ва ба муҷозот бирасонанд.
 
Мамусто mamusta Абдурраҳмони Муродӣ имоми ҷумъаи аҳли суннати остони Кирмоншоҳи Эрон низ бо маҳкум кардани террори донишманди ҳастаӣ шаҳид Муҳсин Фахризода гуфт: «Бар ин боварем, ки хуни шуҳадо поймол нахоҳад шуд ва миллати мо бо ин аъмоли курдаст нишондагони куфри ҷаҳонӣ ақаб нахоҳад рафт, балки бештар дар арсаҳои мухталифи илмӣ, низомӣ ва дифоӣ пешрафт хоҳанд кард ва интиқоми хӯни ҳамаи шуҳадои террор ва донишмандони шаҳидро хоҳанд гирифт.»

Уламои аҳли суннати остони Гулистон ва Курдистон низ террори донишманди ҳастаии Эронро маҳкум карданд ва хостори посухи сахт ба омилони он шуданд.
 
Террористҳои бегона асри ҷумъа бо камин дар масири мошини ҳомили Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаӣ дар наздикии Теҳрон, вайро террор карданд.
 
 
Бештар бихонед: