Касби ҷоизаи технологияи соли Англия аз ҷониби устоди эронӣ дар Донишгоҳи Оксфорд
Ҷоизаи технологияи соли Англия насиби устоди эронии Донишгоҳи Оксфорд Сапида Чакова шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷоизаи соли технология дар бахши занон дар Англия ба устоди эронии Донишгоҳи Оксфорд Сапида Чакова барои навоварӣ дар ҳавзаи технологияи иртиботот эъто шуд.
Чакове дар бораи қобилиятҳои навоварии худ гуфт:Пиксел чат (Pixsel chat) ҳам акнун беш аз сад забонро шиносоӣ мекунад ва бо истифода аз он афрод метавонанд ба ҳар як аз ин забонҳо бо якдигар муколима кунанд ва муколимаи дигаронро низ ба забони мавриди назари худ бишнаванд.
Устоди эронии Донишгоҳи Оксфорд изҳор дошт, ки ин система барои насли панҷуми технологияи коммуникатсионӣ бо номи Fuji (5G) таҳия шудааст, илова намуд: Вай бо забони худ сухан мегӯяд ва дигарон онро бо забони худ мешунаванд ва дар иваз гуфтугӯи онҳо барои шумо бо забони дилхоҳатон ба забонҳои гуногун тарҷума мешавад.