Ноябр 30, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Силоҳи истифодашуда дар террори шаҳид Фахризода сохти Исроил будааст
    Силоҳи истифодашуда дар террори шаҳид Фахризода сохти Исроил будааст

Хабаргузории байналмилалии "Эрон Пресс" ба иттилооте даст ёфтааст, ки нишон медиҳад силоҳи истифодашуда дар террори донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон шаҳид Муҳсини Фахризода сохти Исроил будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории байналмилалии Эрон Пресс, бар асоси ин иттилоот, рӯи боқимондаҳои силоҳҳое, ки дар ин амали террористӣ истифода шудаанд, ба таври возеҳ бо ибораи "Made in Israel" кандакорӣ шудаанд.

Унсурҳои мусаллаҳи террористӣ рӯзи ҷумъаи гузашта (27 ноябр)  мошини Раиси созмон пажӯҳиш ва навовариҳои Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва аз донишманди саноати ҳастаии ин кишвар Муҳсини Фахризодаро ҳадафи ҳамла қарор дода ва ӯро ба шаҳодат расонданд.

Токунун бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, Венесуэла, Африқои Ҷанубӣ, Туркия ва Олмон террори донишманди ҳастаии Эрон Муҳсини Фахризодаро маҳкум кардаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп