Декабр 01, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Бокӯ бар сиёсати усулии Эрон, ки ҳимоят аз ҳаққи Озарбойҷон дар Қарабоғ аст таъкид кард
    Сафири Эрон дар Бокӯ бар сиёсати усулии Эрон, ки ҳимоят аз ҳаққи Озарбойҷон дар Қарабоғ аст таъкид кард

Сафири Эрон дар Бокӯ ҳимоят аз якпорчагии сарзаминии ҷумҳурии Озарбойҷонро аз мавозеи усулии ҷумҳурии исломии Эрон донист.

Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Мӯсавӣ, сафири Эрон дар Бокӯ бо ишора ба баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи муноқишаи Қарабоғ ва таъкиди эшон бар зарурати бозгардондани сарзаминҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки Арманистон тасарруф карда аст, гуфт: “Эрон аз мавзеи ҷумҳурии Озарбойҷон дар озодсозии манотиқи ишғолӣ ва сарзамини Қарабоғ дифоъ кардаву муътақид аст, ки ин сарзаминҳо ба ҷумҳурии Озарбойҷон тааллуқ дорад”.

 

Мӯсавӣ афзуд: “Бидуни шак озод шудани бахши қобили таваҷҷуҳе аз заминҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар муҷовирати марзҳои Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад ва то кунун дар ишғоли Арманистон буд, фурсатҳои наверо барои афзоиши муносиботи дуҷониба ба вуҷуд меорад”.

Сафири Эрон дар Бокӯ ҳамчунин гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ вуҷуди як ҷумҳурии худхонда (Қарабоғи кӯҳистонӣ) - ро дар муҷовирати марзҳои худ ба расмият нашинохтаву ҳамвора зимни таъкид бар асли тағйирнопазирии марзҳои байналмилалӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишварҳо, бо ҳар гуна ишғолгарӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон ва эҷоди як кишвари ҷаълӣ мухолиф аст.

 

Бештар бихонед:  

 

Барчасп