Декабр 03, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • ваксинаи ширкати Шифои Формади Эрон ба марҳалаи озмоиши инсонӣ расид
    ваксинаи ширкати Шифои Формади Эрон ба марҳалаи озмоиши инсонӣ расид

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳрии Исломии Эрон аз эътои коди ахлоқ дар пажӯҳиш ба аввалин ваксинаи эронии корона ва вурӯди ин ваксина ба марҳалаи озмоиши инсонӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, Киёнӯши Ҷаҳонпур,  чаҳоршанбешаб дар “Твиттир” навишт: "ваксинаи ғайрифаъоли ширкати "Шифо Формад" ба унвони аввалин ваксинаи эронии Ковид 19 бо дарёфт коди ахлоқ, вориди марҳалаи мутолиаи болинӣ шудааст".

Пажӯҳишгари аслии ин тарҳ доктор Минӯ Муҳраз, устоди донишгоҳ ва узви Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аст.

Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран эълом карда буд, ба зудди Эрон ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар сохти ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд.

Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон, 16 ноябр дар нишасти баррасии пешрафти тавлиди ваксинаи корона дар Эрон аз пешрафтҳои илмӣ ва доруӣ дар Эрон ибрози хушҳоли карду гуфт, истифодаи муҳаққиқони Эрон аз ҳамаи равишҳо барои сохти ваксинаи корона, нишонаи он аст, ки эҷоди маҳдӯдиятҳои сиёсӣ таъсир дар масири пешрафти илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон надоштааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп