Июл 09, 2024 13:20 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Тамоми Ғазза ноамн аст

Раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, шароити беҳдошти(тандурусти)и борикаи Ғазза номатлуб аст ва ҳеҷ макони амне дар ин минтақа вуҷуд надорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тедрос Адоҳаном Габрисос-раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт афзуд, дар ҳоли ҳозир бемористони "Алмаъмадони" аз кор афтодааст ва бемористони "Камол Аладвон" ва "Индонизи" низ бо камбуди сӯхт, тахт ва таҷҳизоти пизишки рӯбарӯ ҳастанд.

 Раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо баёни инки ҳамакнун ҳеҷ макони амне дар борикаи Ғазза вуҷуд надорад, тасреҳ кард, дастури тахлияи минтақа монеъ аз ироаи муроқибатҳои наҷотбахш мешавад.

 Режими саҳюнистӣ пас аз гузашти 9 моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷа ба борикаи Ғазза, дастоварде ғайр аз ҷиноят, қатли ом, вайронӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақзи қонунҳои байналмилалӣ, бомбаборони ниҳодҳои имдодрсон ва қаҳтиву гуруснагӣ дар ин минтақа надоштааст.

Режими Исроил ин ҷангро бидуни дар назар гирифтани ҳар дастоварде дар оянда бохта ва натавониста гурӯҳҳои муқовиматро дар як минтақаи кӯчак, ки солҳо дар муҳосира аст ба таслим водорад ва ҳамроҳии афкори умуми ҷаҳониро ба хотири ҷиноятҳои ошкор дар Ғазза аз даст додааст.

 Дар ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун, ки бо вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда аст, беш аз 38 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва ҳудуди 88 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп