Истиқболи Эрон аз аввалин тавофуқи давлати Афғонистон ва Толибон
(last modified Thu, 03 Dec 2020 14:13:34 GMT )
Декабр 03, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тавофуқи Афғонистон ва Толибон дар рӯзномаи музокироти сулҳ истиқбол мекунад
    Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тавофуқи Афғонистон ва Толибон дар рӯзномаи музокироти сулҳ истиқбол мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз тавофуқи ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар бораи чӣ гуна пеш бурдани музокирот истиқбол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, музокироти расмии сулҳи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон рӯзи 12 сентябр дар Дуҳаи Қатар оғоз шуд ва акнун ду тараф аз ниҳоӣ шудани чорчӯби музокирот хабар медиҳанд.
 
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи панҷшанбе зимни истиқбол аз тавофуқи ахир, ибрози умедворӣ кард. Оғози гуфтугӯҳо бо ҳадафи барқарории оташбас, ки хости умумии мардум Афғонистон аст, мунҷар ба тавофуқи ниҳоӣ ва эҷоди суботи пойдор дар ин кишвар шуд.
 

Хатибзода инчунин дастгирии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ҳалли мусолиматомез ва баргардонидани сулҳу амният ба Афғонистон такрор кард.

 

Бештар бихонед: