Зариф: Дубора дар бораи ҳастаӣ музокира намекунем
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Иёлоти Муттаҳида бояд бидуни пеш шарт ба тааҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии Барҷом ҳамон тавре, ки дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, амал кунад.
Ба Гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф имрӯз (панҷшанбе) дар нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт: "Мо дар бораи ин чи дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст овардем ду бора музокира нахоҳем кард. Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад."
Зариф гуфт: "Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон" иҷро хоҳад шуд"
Бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат (ҳифозат) аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.
Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки онҳо зарурӣ бидонандро медиҳанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд."