Рӯзномаи исроилӣ: Моссад 27 сол Муҳсини Фахризодаро зери назар дошт
(last modified Sun, 06 Dec 2020 10:09:53 GMT )
Декабр 06, 2020 15:09 Asia/Dushanbe
  • Моссад аз соли 1993 фаъолиятҳои Муҳсини Фахризодаро зери назар доштааст
    Моссад аз соли 1993 фаъолиятҳои Муҳсини Фахризодаро зери назар доштааст

Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот (Yedioth Ahronoth) эълом кард, ки Созмони иттилооти Исроил (Моссад) аз соли 1993 фаъолиятҳои ин донишманди ҳастаии Эронро зери назар доштааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот дар мақолае ба қалами Ронен Бергман, таҳлилгари барҷастаи умури иттилоотии Исроил муддаӣ шуд: “Тел Авив тавониста аст, ки иттилооти муҳимме дар робита бо ин донишманди эронӣ, барномаи ҳастаии Эрон ва робитаи он бо Абдулқдир Хон, падари бомби ҳастаии Покистон" ба даст оварад.

Ронен Бергман иддао кардааст, ки ин иттилоот ҳамчунин шомили асноде бо дастхати Муҳсини Фахризода ва навоҳое бо садои ӯ аст, ки дар хусӯси сохти 5 кулоҳаки ҳастаӣ суҳбат мекунад.

Вақте Натаняҳу аз шаҳид Муҳсини Фахри‌зода ном бурд+ филм

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки Эҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил дар соли 2008 ин навори савтиро барои Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури собиқи Амрико пахш кардааст то вайро қонеъ кунад, ки барномаи Эрон ғайримусолиматомез аст ва фишорҳо бар Теҳрон дар хусӯси барномаи ҳастаӣ бояд афзоиш ёбаду ҳамин мавзӯ боиси ҳамкории Вашингтон- Тел Авив барои муқобила бо барномаи ҳастаии Эрон шуд.

Нависандаи ин мақола таъкид кардааст, ки Муҳсини Фахризода дар раъси барномаи ҳастаии Эрон ва донишманди воҷиди шароит дар тахассуси худ буд, ки аз соли 1979 ба сипоҳи посдорон ҳам пайваста буд, бинобар ин "фарде муносиб дар ҷойгоҳе муносиб" ба шумор мерафт.

Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон ахиран дар атрофи Теҳрон ба дасти террористҳои муздӯр ба шаҳодат расид. Бисёрн аз соҳибназарони сиёсӣ муътақиданд, Исроил дар террори ин донишманди эронӣ нақши асосӣ доштааст.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: