Декабр 13, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи якшанбеи 13 декабри соли 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи якшанбеи 13 декабри соли 2020 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 7 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 247 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 451 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  833 нафар бистарӣ ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд”.

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 247 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 52 ҳазору 196 нафар расидааст”.

Хонум Лорӣ ҳамчунин гуфт: "Токунун маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 108 ҳазору 269 нафар расидааст, ки 812 ҳазору 270 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 72 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 610 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додав ва ҳудуди 51миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.  

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп