Марҳилаҳои ниҳоии ба итмом расонидани санади фарогир оид ба ҳамкориҳои стратегӣ байни Эрон ва Афғонистон
(last modified 2020-12-13T15:34:17+00:00 )
Декабр 13, 2020 20:34 Asia/Dushanbe

Санади фарогир дар бораи ҳамкориҳои стратегии Эрону Афғонистон ба марҳилаи ниҳоии худ расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ  дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симои Эрон дар Кобул, ҳадаф аз сафараш ба Афғонистонро пайгирии санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрону Афғонистон унвон кард.

 

Ироқчӣ гуфт: «Санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Афғонистон, ки ба мароҳили ниҳоии худ бисёр наздик шуда, як санади бисёр муҳим аст ки хати машии калони равобити ду кишвар дар ояндаро таъин ва усули ҳоким бар ин равобитро мушаххас мекунад.»

Вай афзуд: «аз миёни панҷ комитети иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, атбоъ ва об, ки дар чорчӯби санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрону Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифтааст асноди чаҳор комитет ниҳоӣ шуда ва фақат асноди комитети амниятӣ ҳануз ниҳоӣ нашуда ва яке ду мавриди ихтилофоти ҷузъӣ дар ин замина вуҷуд дорад, ки бо азм, ирода ва ҳусни нияти масулони ду кишвар, ин ихтилофоти ҷузъӣ низ қобили ҳаллу фасл аст.»

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ҳар гуна ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон, ба вижа таҳаррукоти ДИИШ-ро маҳкум ва бар зарурати муқобила бо ин ҳамлаҳо таъкид кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп